Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз буҳрони молиявию иқтисодӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонист ба дастовардҳои намоён ноил гардад. Дар ин самт саҳми шарикони рушд низ назаррас аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла дар ин самт бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки то соли 2025 амал менамоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






