Тоҷикистон ва Чин робитаҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳким мебахшанд

Ноябрь 13, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тзсянсу Чан Хепин масъалаи таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар сатми омода намудани кадрҳои баландихтисос баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки сол ба сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул меёбад. Ин ҳамкории мутақобили судманд метавонад барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба таҳкими робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, расонидани кумаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид