То моҳи ноябр дар вилояти Суғд зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст

Ноябрь 20, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то аввали моҳи ноябр зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус 19 ноябр зимни баргузории Фестивали асал, картошка ва анор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд.

Сарвари давлат бо назардошти шароити кунунии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон дар шаҳру ноҳияҳои асосии картошкапарварии вилоят – Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич истифодаи пурраи имконияти табиӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар истеҳсолот ҳарчи бештар татбиқ кардани таҷрибаи муосири кишту парвариши ин намуди сабзавотро зарур донистанд.

Иттилоъ дода шуд, ки афзалият додан ба парвариши навъҳои тухмии ватанӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва меҳнати пайваста имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли картошка дар ин давра 313,9 ҳазор тонна зиёд гардад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли 2020   1 миллион тонна картошка истеҳсол гардид. Ин рақам соли 2021 ба 1 миллиону 20 ҳазор тонна расид. Соли 2023 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 55 ҳазору 527 гектар картошка кишт шуд. То 1 ноябри соли 2023   989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   50 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад. Навъи беҳтарини картошка ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ аз 2,7 миллиард сомонии соли 2010 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 баробар шудааст, ки афзоиш 15,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка дар ин давра 313,9 ҳазор тонна, шолӣ 26,6 ҳазор тонна, ангур 2,2 ҳазор тонна ва асал 421 тонна зиёд шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст