Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд

Ноябрь 27, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Таъмини имконияти баробар: нақши ҷавонон ва якдилии наслҳо дар бунёди ояндаи шукуфон», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Конфронси байналмилалӣ бо ибтикори Парлумони Туркманистон ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода ва Ғиёсиддин Ашурзода иброз доштанд, ки имрӯз мо бо мушкилоти зиёди ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо талошҳои дипломатӣ ва хиради сиёсӣ, балки ҳамбастагии воқеии наслҳоро тақозо мекунанд. Сухан дар бораи дастгирии чавонон, фароҳам овардани шароит барои имконияти баробар ва таъмини иштироки онҳо дар марҳилаҳое меравад, ки ояндаи сайёраи моро муайян мекунанд.

Дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон» қабул гардидааст, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҷавононро ба танзим медарорад. Қонун ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, таъмини ҳуқуқҳои баробар дар таҳсил, шуғл, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти фарҳангӣ нигаронида шудааст.

Илова бар ин, соли 2021 «Барномаи давлатии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва шуғли ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дастгирии созмонҳои ҷавонон ва густариши ташаббусҳои волонтёрӣ мебошад. Барнома муносибати стратегиро ба ҳамгироии ҷавонон ба равандҳои идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои худшиносии ҷавонон тасдиқ мекунад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд