Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ноҳияи Ховалинг оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва сафири Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»-ро баррасӣ намуданд.
Иштирокчиён вобаста ба ин масъалаҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин намояндаҳои давлатҳои иштирокчӣ иброз доштанд, ки барои ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар самти татбиқи раванди амилишавии ислоҳоти милитсия омода мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонон дар доираи баргузории ҷаласа бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ ва Осорхонаи таърихии кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ шинос шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






