Вобаста ба нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон конференсия доир шуд

Ноябрь 16, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик ба дастовард ва муваффақияти беназир ноил гардид. Чунин иброз шуд дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон», ки 14 ноябр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре дар ин академия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс иброз шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Дар ҷумҳурӣ ин ҷашн аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷандшаҳри бостонӣ доир шуда буд, сарчашма мегирад.

Таъкид шуд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони мамлакат ба вуҷуд оварад.

«Ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф нест, ҳар тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод, осоишта ва рушдкарда дидан мехоҳад, бояд посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш бошад»,-иброз шуд дар ҳамоиш.

Ёдовар мешавем, ки конференсия ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, иштирокчиён дар мавзуъҳои «Эмомалӣ Раҳмон-асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Артиши миллӣ», «Нақши Пешвои миллат дар рушди қонунгузории миллӣ», «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими субот ва ваҳдати миллӣ» ва «Фарҳанги сулҳ ва эътибори ҷаҳонии Пешвои миллат» маъруза намуданд.

АКС: Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар