ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар давлат аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дорад, ки дар сохтори давлатдорӣ ҳамчун рамзҳои муқаддас ба шумор мераванд. Парчами давлатӣ рукни муқаддасе аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Посдорӣ ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ — ин посдорӣ ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандон ва таъриху суннатҳои халқу мамлакати худ аст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории муосири миллӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Ин марҳалие буд, ки бояд рушди босубот дар мамлакат таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.
Нишонаҳои асосии ҳар давлати соҳибистиқлол — ин доштани тамомияти арзиву ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ноил гардидан ба Истиқлоли давлатӣ қадамҳои аввалинро дар рушди давлатдории миллӣ гузошт. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низомию сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро муайян кунад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллӣ таъсис диҳад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави мустақил арзи вуҷуд намуд. Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон самти сиёсати хориҷӣ ва дохилии худро мустақилона муайян намуда, дар аксар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аъзои комилҳуқуқ гардид. Махсусан, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якчанд созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол самти давлатдории худро муайян намуда, низоми ҳуқуқии миллиро таъсис дод. Дар ҳамон солҳои душвор моро зарур буд, ки ҳамчун давлати соҳибистиқлол рамзҳои муқаддаси миллӣ — Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро қабул намоем. Инчунин шиносномаи миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллиро тоҷикистониён соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Ин буд, ки дар моддаи 3 Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд».
Мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист, ки зери Парчами давлатӣ сарҷамъ шуда, монеаҳо ва нофаҳмиҳоро дур созад ва ба дастоварди беназир ва муҳим – сулҳу ваҳдат ноил гардад. Имрӯз сулҳу ваҳдат тавонист, ки давлати моро аз бунбасти норавшан ба сӯи нуру зиё равона кунад. Ваҳдати миллӣ бе дарки худшиносии миллӣ муяссар намегардад. Худшиносии миллӣ бино ба ақидаи соҳибназарон, дорои се нишона аст:
— фарҳанг ва расму оин;
— иқтисодиёту иҷтимоиёт;
— маърифати сиёсӣ ва давлатдорӣ.
Ин се нишонаи асосие мебошанд, ки ба таҳким бахшидани худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд. Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик, расму оинҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд. Инчунин худшиносии миллӣ зери Парчами давлатӣ омили тақвиятбахши ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.
Мо дар раванди таҳдидҳои ҳалокатбори ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Дар баробари ин дар марҳалаи бузурги миллатсозиву давлатсозӣ истодаем. Муттаҳид гардидан зери Парчами давлатӣ ва тараннуми Суруди миллӣ далели дарки дурусти масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Шаҳрвандони мо хуб огоҳ ҳастанд, ки рангҳое, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд – сабзу сафеду сурх — нишона аз фарҳанги сидқу вафо, ҷонбозиву сарбаландиҳо, садоқату амонат, ободии давлат, хуррамии миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик мебошанд.
Парчами давлатӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта, ҳадафҳои худро таҷассум менамояд. Парчам рамзи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳар шаҳрванд берун аз ҷумҳурӣ худро тобеи сарзамине медонад, ки Тоҷикистон ном дорад ва бо он мефахрад, зеро Тоҷикистон сарзамини сарсабзу хуррам буда, мардумаш бофарҳангу соҳибтамаддун мебошанд. Шаҳрвандони мамлакат дар дохил ва берун аз он бо Парчами давлатӣ сарбаланд буда, бо бардоштани он ҳисси шодмонӣ мекунанд. Варзишгарони муваффақи тоҷик бо баланд гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ ашки шодӣ мерезанд, ки далели ватандӯстии онҳо аст.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон парафшонӣ намуда, ба оламиён аз мавҷудияти давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа-Нуъмон ибни Собит,
номзади илмҳои фалсафа








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш






