35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд

Декабрь 16, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни ба истифода додани ин иншоот иброз гардид, ки рушду пешрафт ва корҳои созандагӣ дар ноҳия бо таваҷҷуҳи рӯзафзун, ғамхорию дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, минбаъд низ чунин корҳои созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза мегиранд.

Бо шарофати сулҳу амонӣ вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия низ ба куллӣ тағйир ёфта, сол то сол симои он дигар мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар доираи бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Дар сохтмони бинои истиқоматӣ 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо бунёд гардидани ин бинои баландошёна як гӯшаи шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун ободу зеботар гашта, сокинон бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷайҳун бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳия низ мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони бино соли 2022 оғоз ёфта, дар айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сохтмони бинои шуъбаи маориф 0,18 гектар замин ҷудо гардида, бино аз ҳисоби Бонки исломии рушд ба маблағи 353 946 доллари амрикоӣ бунёд гардид.

Иншоот аз 3 ошёна, 13 утоқи корӣ, 1 маҷлисгоҳ барои 80 нафар, 3 ҳуҷраи хоб барои меҳмонон, 1 китобхона, ҳаммом, анборхона барои нигоҳдории таҷҳизоту ҳуҷҷатҳо иборат буда, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи босафо» мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд