Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либоси зимистона ва шириниҳо иборат буданд, тақдим гардиданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Неъматуллозода кӯдакони имконияташон маҳдудро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки кӯдакону наврасон, бахусус маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста зери таваҷҷуҳи ғамхоронаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва ҳеҷ гоҳ дар чорроҳаи тақдир танҳо намемонанд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Зимни тақдими туҳфаҳои таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор онҳоро ба азхуд намудани донишҳои муосир ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилаӣ даъват намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятро фароҳам овардаанд, то насли наврасу ҷавон бо донишҳои муосир таъмин бошад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба онҳо ёдовар шуда, туҳфаҳои Сарвари давлатро супорид.
Тарбиятгирандагон мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо кӯшиш менамоянд, ки хубу аъло хонанд ва дар рушду ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






