Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар Ҷопон вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS баргузор шуд, ки зимни он ҳамкории илмӣ- таҳқиқотӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар мулоқот ба масъалаҳои глобалӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, мушкилоти ғизо, офатҳои табиӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкориро дар самтҳои таҳқиқоти захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, омӯзиши таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои об, таҳқиқоти муштараки олимони тоҷику ҷопонӣ барои ҳифзи системаҳои оби минтақа, мониторинги фаъолияти тектоникӣ дар кӯҳҳои Помир, ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ғайра тақвият бахшанд.
Бояд гуфт, ки барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS дар заминаи Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) фаъолият менамоянд. Барномаи SATREPS таҳқиқоти муштараки байналмилалиро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун ҷанбаи «дипломатияи илм ва технология» пеш мебарад.
Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар мамлакатҳои гирандаи кумаки грантии Ҷопон нигаронида шудааст. Ҳамчунин лоиҳа машғулияти магистрӣ ва докториро дар донишгоҳҳои Ҷопон ба забони англисӣ пешниҳод менамояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






