Ҳамкории минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод ба таҳкими амнияти глобалӣ мусоидат менамояд

Декабрь 6, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр бахшида ба 15-солагии қабули Созишнома дар хусуси минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ҷаласаи давлатҳои иштирокдори ин созишнома баргузор гардид. Мавзуи чорабинӣ ба «Таҳкими ҳамкорӣ байни минтақаҳои мавҷудаи аз силоҳи ҳастаӣ озод» бахшида шуда, роҳбарии ҷаласаро ҷониби Туркманистон ба уҳда дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷамъомад намояндагони сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи халъи силоҳ иштирок намуданд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар ин ҷаласа оид ба нақши калидии минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ сухан гуфт.

«Ташкил ва рушди минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод намунаи равшани садоқати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба идеяи ҷаҳони бе таҳдиди ҳастаӣ мебошад. Минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи махсус дорад, зеро он аввалин минтақа дар нимкураи шимолӣ мебошад. Ин ҷаласа на танҳо ваҳдати саъю кӯшишҳои моро инъикос мекунад, балки дурнамо ва роҳи нави ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро боз мекунад», — изҳор дошт директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ.

Дар ҷаласа аҳамияти табодули таҷриба байни давлатҳо, механизмҳои нав, кафолати ҳуқуқӣ ва истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ ҳамчун самтҳои муҳими таъмини амният арзёбӣ шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа тадбирҳои нигоҳдории ҳамкории самаранок, аз ҷумла механизмҳои табодули иттилоотро баррасӣ карда, ба қароре омаданд, ки фаъолият оид ба огоҳ намудани ҷомеа дар бораи аҳамияти халъи силоҳи ҳастаӣ бояд зиёд карда шавад. Ҳамчунин дар ҷаласа зарурати густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озодро барои таҳкими амнияти ҷаҳонӣ тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласа ҳуҷҷати хотимавӣ қабул шуд, ки уҳдадориҳои умумии иштирокдоронро дар самти халъи силоҳ ва рушди минбаъдаи ҳамкории байни минтақаҳои мавҷудаи аз силоҳи ҳастаӣ озод инъикос мекунад.

Дар хотимаи ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ озоди Осиёи Марказӣ ва Агентии манъи силоҳи ҳастаӣ дар Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Баҳри Кариб (OPANAL) ба имзо расид. Ин санад қадами муҳим дар роҳи муттаҳидсозии талошҳои умумии минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 6, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад