Анҷумани навбатии XIII Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии XIII Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.
Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҳизб дар солҳои 2020-2024, пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи кори анҷуман раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода ва муовини якуми раиси Ҳизб Муртазо Аҳмадзода баромад намуданд.
Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 6 нафар аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Муртазо Аҳмадзода, муовинони раис Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маъруф Юсупов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Майсара Аброқуловаро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






