Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд

Декабрь 27, 2024 14:37

КӮЛОБ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз маводи хӯрокворӣ ва  либосҳои зимистона ба 186  нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда  шуд.

Бояд гуфт, ки ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзманд ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар мамлакат ягон ятиму бепарастор худро танҳо эҳсос намекунад.

Ҷонишини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб Бароталӣ Одинаев иттилоъ дод, ки «ҳоло 20  омӯзгор ва 20 мураббия  ба кӯдакон таълим медиҳанд. Омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки кӯдаконро  дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоянд, то онҳо дар озмуну олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Муассиса бо рахти хоб ва гармӣ таъмин буда, дар мавсими зимистон танқисӣ намекашад».

Баъди тақдим намудани туҳфаҳо гурӯҳи корӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафта,  кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иборат аз  либосҳои зимистона ва  хӯрокворӣ ба тарбиятгирандагони он супориданд.  Дар ин муассиса 138 кӯдак ба таълим фаро гирифта шуда,  аз ин шумора  119 нафарро писарон ва 19 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд шуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

АКС: АМИТ  «Ховар» 

Декабрь 27, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст