Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
РӮДАКӢ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво ва Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва дерношунавошуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридани кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳия туҳфаҳои Сарвари давлатро тақдим намуд.
Иброз гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа зиёд буда, пайваста дар тамоми иду ҷашнҳо онҳо мавриди дидорбинӣ қарор мегиранд.
Хонандагони ин мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ баргузории чунин чорабиниро аз сиёсати маорифпарварона, ғамхорона ва падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






