Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд

Декабрь 27, 2024 10:35

ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 156 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон  супорид.

Меҳмонон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ноҳияи Ёвон ба дастпарварони ин муассиса тандурустию муваффақият таманно карда, онҳоро даъват намуданд, ки бо азхуд кардани илму дониш ва  касбу ҳунар дар рушду шукуфоии  давлату миллат саҳм гузоранд.

Ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои идона, аз қабили шириниҳою либосҳои шинаму зебо тақдим гардид.

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 189 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои   кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумак ва туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  тақдим намуд.

 

Ҳамчунин барои тарбиятгирандагони ин муассиса хони идона ороста шуд. Зимни он хонандагон даъват шуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайваста ба омӯзиш машғул шуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.

Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мирзо Ғоибназарзода аз номи омӯзгорону шогирдони муассиса  барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуд.

Иброз гардид, ки бо назардошти ин ҳама ғамхориҳо онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба раванди таълиму тарбия беҳбудӣ бахшида, фарзандони миллатро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Декабрь 27, 2024 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст