Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 13, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат саъю талош менамояд».

Иброз гардид, ки таърихи сиёсии даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва раванди бунёди давлати миллӣ собит менамояд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои сиёсии зиёд таъсис дода шуданд. Онҳо барои ба даст овардани ҳокимият, новобаста аз нуфузи ҷамъиятӣ ва набудани таҷрибаи кофӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ гардиданд, ки натиҷаи он ба низои сиёсӣ оварда расонд. Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахти сиёсӣ аксарияти онҳо зуд аз саҳнаи сиёсӣ нопадид гардиданд.

Роҳи паймудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамвор набуд. Маҳз бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба ҳизби мардумӣ, неруи муқтадир ва мафкурасоз мубаддал гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад ва дар ин муддат аз рӯйи меъёри «бо мардум, миёни мардум ва барои мардум будан» амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи сайёҳии мамлакатро фаро гирифта, барои расидан ба ҳадафи олӣ- зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон пайваста саъю талош менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ