Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 декабр) ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш корнамоиҳои кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдоварӣ карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки «ба дӯши кормандони ин ниҳод вазифаҳои басе душвору масъулиятнок- ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вогузор гардидааст».
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ ва омодабошии ҷангӣ дар шароити кӯҳсор марказҳои таълимии воҳидҳои таъйиноти махсус таъсис дода шуданд. Кормандони ин ниҳод дар онҳо маҳорати касбиашонро такмил медиҳанд.
Дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро водор месозанд, ки уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, дастовардҳои замони истиқлол ва амнияти сокинони мамлакатро бо сарбаландӣ таъмин намоянд.
Ҳайати шахсии ин сохтор дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, ба ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти давлат табдил ёфтааст.
Воҳидҳои таъйиноти махсус бо техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангии муосир муҷаҳҳаз буда, кормандони он дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи мамлакат аз мутахассисони ботаҷриба таълим мегиранд.
Дар ҳамоиш як зумра кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои он бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, туҳфа ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






