Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
БОХТАР, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ 11 декабр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон-воситаи муҳими ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар конференсия ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода вобаста ба роҳу усулҳои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон оид ба такмили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории меъёрҳои Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иқтимоию фарҳангӣ сухан гуфта шуд.
Бо мақсади тавсеаи робитаҳо байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар бахши дуюми конференсия дар мавзуъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: маърифати ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – калиди муваффақият дар пешрафти ҷомеа», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон-василаи муҳимми ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи тандурустӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав










Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






