Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо «Оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта» ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мутобиқи муқаррароти Созишномаи баимзорасида, Иттиҳоди Аврупо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои грантиро дар ҳаҷми 19 миллиону 880 ҳазор евро барои ҳавасмандгардонии соҳаи кишоварзӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди иқтисоди «сабз» ва шуғл тавассути технологияҳои рақамӣ, ташкили шароити мусоид барои рушди корхонаҳои хурду миёна ва инноватсияҳо дар бахшҳои алоҳида ҷудо менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






