«БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ҶАНГАЛ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026». Дар Тоҷикистон майдони дарахтони мевадиҳанда 592 гектарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» имсол аз тарафи ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор ва плантатсияҳо дар майдони 3239,2 гектар гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хоҷагии ҷангал хабар доданд.
Аз ҷумла, бунёди ҷангал дар майдони 1067,2 гектар, барқароркунии ҷангал дар майдони 1860,4 гектар ва бунёди плантатсияҳо дар 311,6 гектар анҷом дода шуд. Ҳамчунин дар 497 гектар майдони писта, дар 190 гектар чормағз, дар 324 гектар хуч, дар 195 гектар бодоми талхдона, дар 592 гектар намудҳои дарахтони мевадиҳанда ва дар 1441,2 гектар дигар намуди дарахтони сояафкану ороишию ҷангалӣ ҷойгир мебошад.
Тавре сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангал Турдалӣ Арабов иброз дошт, мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026»—нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо амалӣ гардидани Барнома бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро ёфта, ҷангал дар пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии мамлакат, инчунин дарёфти ҷойи нави кор мусоидат мекунад.
Ҷангалзор дар ташкили ҳудуди сайёҳӣ низ нақши муҳим мебозад. Ҷангалзори кӯҳӣ муҳити оромкунандае ба вуҷуд меорад, ки ин барои сайёҳон хеле зарур мебошад. Аз ин рӯ, инкишофи осоишгоҳ ва минтақаҳои истироҳатӣ ҳамеша ба шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва бунёди боғҳо вобастагӣ дорад.
Инчунин аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 1182,499 тонна маҳсулоти худрӯи ҷангал ҷамъоварӣ гардид.
Дар айни замон аз тарафи муассисаҳои системаи Агентӣ ҷамъоварии маҳсулоти худрӯйи ҷангал идома дошта, ба ҳолати 2 декабри соли равон 78,719 тонна писта, 40,2 тонна чормағз, 572,75 тонна меваи тухмидор, 406 тонна меваи донакдор, 12,82 тонна бодоми талхдона, 70 тонна хуч ва 2 тонна зелол ҷамъоварӣ гардид.
Ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд, ки аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал фоида мебинанд.
Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Агентии хоҷагии ҷангал усули нави идоракунии муштараки ҷангал ва аҳолиро кор карда баромад, ки тибқи он, дар идоракунии ҷангал аҳолӣ низ иштирок мекунад. Ба ин васила ҳам ҳифзу нигаҳдории ҷангалҳо пурзӯр ва ҳам ҳосили зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ карда мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст






