Барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои аъзои ИДМ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 декабр дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявӣ таҳти унвони «Такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ» машварати муштараки Шурои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллӣ хабар доданд, дар машғулият зиёда аз 50 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти кашшофии молиявӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Тибқи барнома иштирокдорон ба ду гурӯҳ: гурӯҳи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳи намояндагони мақомоти кашшофии молиявӣ тақсим шуда, бо онҳо доир ба хусусияти амалии ошкорсозӣ ва ҳуҷҷатгузории ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки бо истифода аз криптоасъор содир мешаванд, машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар машварат барои иштирокдорон инчунин оид ба усулҳои гузаронидани таҳлили амалиёти криптоасъорӣ, ки ба маблағгузории терроризм бо истифодаи манбаъҳои озоди интернетӣ ва барномаи махсуси таъминотӣ алоқаманд мебошанд, машғулияти амалӣ баргузор шуд.
Дар рӯзи дуюми машғулият масъалаи таҳдидҳои бо фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ алоқаманд муҳокима гардида, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мавзуъ мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо ба иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия сертификат супурда шуд.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда мунтазам гузаронда мешаванд.
АКС: Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд






