«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд дар Маркази касбомӯзии «Атлас» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Даври омӯзишӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» гузаронида шуд.
Давоми як моҳ ба занону духтарон ҳунармандони чирадаст ҳунари дӯзандагӣ ва қаннодӣ омӯзониданд.
Ҳадафи асосии омӯзиш- соҳибкасб гардонидани занону духтарони хонанишин, эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини занону ҷавондухтарон бо ҷойи нави кор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва бахшу шуъбаҳои он дар маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои маърифатӣ доир мегарданд. Дар онҳо занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дастонашонро ба намоиш гузошта, ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб менамоянд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






