Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон «парвоз»-и худро дар Хатлон оғоз намуд

Декабрь 9, 2024 11:55

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз се толор ва алоқаи 2G то шабакаи бузурги фурӯшҳо ва садҳо пойгоҳҳои базавии насли чорум – чунин роҳро раёсати ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон давоми  понздаҳ сол самаранок тай намуд. Ба муносибати таъсиси раёсат далелҳои асосиро ба ёд меорем.

Соли 2009 раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти худро ҳамагӣ аз се толор дар ҳудуди Бохтар, Кӯлоб ва Фархор оғоз намуда буд. Алҳол оператор дар минтақа зиёда аз 130 нуқтаи фурӯш дорад. Ба ғайр аз хизматрасонии анъанавӣ барои муштариён миқдори зиёди хизматрасониҳое дастрас мебошанд, ки аз онҳо ҳама сокинони Хатлон истифода бурда метавонанд. Масалан, бо ёрии хизматрасонии «Cash Out» имкон аст, ки маблағи корти бонкӣ нақд карда шавад.

Маркази шабакаи хизматрасонӣ худи раёсати минтақавӣ мебошад, ки дар хиёбони Борбад дар Бохтар ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, соли 2021 барои боз ҳам муносиб кардани имконияти муштариён ва шарикон ширкат намояндагии худро дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба хизматрасонӣ ба мизоҷон ва бунёди инфрасохтори алоқа зудтар ҳал карда шаванд.

Шабакаи технологии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» яке аз шабакаҳои бузургтарин дар Хатлон ба шумор меравад. Соли аввали фаъолият дар доираи масъулияти раёсати минтақавӣ камтар аз 100 пойгоҳи базавии стандарти «овозии» 2G қарор дошт. Дар айни замон он зиёда аз 470 майдонеро, ки дар онҳо 845 пойгоҳи базавии наслҳои гуногун насб карда шудаанд, дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб 370 пойгоҳи базавӣ муштариёнро бо интернети 4G таъмин менамоянд, суръати миёнаи он 13/15 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, шабакаи 4G-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар 84 фоизи ҳудуди аҳолинишини Хатлон дастрас мебошад. Ин барои бозори телекоммуникатсионии вилоят натиҷаи пешсафона аст.

Ҳама хатсайрҳои маъруфи туристии минтақа, масалан мавзеи Чилдухтарони назди Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, вайронаҳои дайри буддоии воқеъ дар Аҷинатеппа ва маҷмааи бостоншиносии Ҳулбук бо шабакаи 4G фаро гирифта шудаанд.

Рушди шабака дар вилояти Хатлон доимо дар амал аст. То охири соли 2024 оператор ба нақша гирифтааст, ки бунёди боз қариб 16 майдони пойгоҳҳои базавиро анҷом диҳад. Сифати хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва навоҳии Ҷайҳун, Қубодиён, Муъминобод, Фархор, Шаҳритӯс ва Ёвон такмил хоҳад ёфт.

Устувории кори хизматрасониҳои «МегаФон Тоҷикистон»-ро хатҳои шаҳрӣ ва магистралии нахӣ-нурӣ (ХАНН) таъмин менамоянд. Дарозии умумии онҳо қариб 700 километрро дар бар мегирад. То охири сол анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар самти гузаронидани хатҳои нави нахӣ-нурии «Данғара – Темурмалик – Кӯлоб – Восеъ» бо дарозии 110 километр ва «Бохтар – Румӣ – Панҷ» бо дарозии 100 километр дар назар аст. Дар баробари ин, зарфияти хатҳои нахӣ-нурии магистралӣ дар хатсайри Бохтар -–Леваканд – Ёвон – Душанбе аз 1 Гбит/с то 40 Гбит/с васеъ мешавад. Ҳамин тавр, муштариёни хатлонии оператор имкон пайдо мекунанд, ки дар ин самт то чил баробар зиёд трафик интиқол диҳанд.

Дастрасӣ ва сифати баланди алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» бисёр сокинони вилояти Хатлонро ҷалб менамояд. Қариб 32 фоиз муштариён мизоҷони оператор дар Хатлон мебошанд. Аз ин ҳисоб 76 фоизро муштариёни рақамӣ ташкил медиҳанд, ки интернети мобилиро фаъолона истифода мебаранд. Ҳаррӯза дар паҳлӯи муштариён будан ва ба ҳалли вазифаҳои ҳарчи бештари онҳо мусоидат намудан — чунин аст стратегияи ширкат. Сокинони Хатлон инро хеле қадр менамоянд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 9, 2024 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст