ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?

Декабрь 29, 2024 10:02

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти ширии турш –  чакка дар ошхонаи тоҷикӣ  ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро қариб дар ҳама намуди хӯрокҳои писандидаи мардуми мо, аз ҷумла оши бурида, оши туппа, дӯғоба, биринҷоба, умоч, угро, манту, тушбера, мастоба, шакароб, қурутоб, инчунин дар баъзе хӯрокҳои бирёнӣ ва гӯштӣ аз он истифода мебаранд. Маззаи дигар доштани чаккаи тоҷикиро хориҷиён борҳо таъкид кардаанд.

Чаро чаккаро  парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?

Чакка нисбат ба худи шир дар организм зудтар ҳазм мешавад.  Ҳангоми ворид шудани он ба меъда афшӯраҳои ҳозимаро талаб намекунад. Чаккаро барои табобати бемориҳои системаи ҳозима, сил, норасоии калтсий дар бадан ва ғайра истифода мебаранд. Ин маҳсулот   аз он ҷиҳат  парҳезӣ ва шифобахш аст, ки дар таркибаш ба таври мустақим кислотаи ширӣ ва миқдори зиёди бактерияҳои кислотаи зинда, инчунин моддаҳои антибиотик мавҷуд аст. Олимон муайян кардаанд, ки пас аз истеъмоли  шир  он дар меъда  дар  як соат 32% ва маҳсулоти ширии турш (чакка, ҷурғот) 91% ҷаббида мешавад.

Чаккаро дар хӯришҳо низ истифода мебаранд

Пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳоро  майда реза карда, онро бо чакка омехта месозанд. Хӯриши омодашударо ба зарфе андохта, болои онро бо дилхоҳ кабудӣ — шибит, гашнич ва ё пӯдина оро медиҳанд. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию карамро дар шакли дарозрӯя майда  реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта,   бо иловаи  каме об онро лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро  ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи  хоҳиш  бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушкардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд.

Қурут аз чаккаи хушк омода мешавад

Қурутро асосан дар минтақаи кӯҳистони мамлакат  бо андозаи  гуногун (бештар лундаҳои гирд)  омода месозанд. Чаккаро бо намак (мувофиқи хоҳиш бо қаламфуру кабудӣ)  омехта,  аз он бо  шаклҳои гуногун  қурут месозанд.

Қурутҳоро дар сабад чида, онро дар ягон баландӣ,  дар ҷойи соя овехта,  хушк мекунанд. Қурутро асосан барои истеъмол кардан дар фасли зимистон ва аз он омода намудани   қурутоб   захира мекунанд. Қурутро 3-4 соат дар оби гарм тар карда, онро дар табақи чӯбин бо кафи даст молиш медиҳанд.

Дар натиҷа боз чакка омода мешавад, ки  аз он  қурутоб омода мегардад.

Имрӯзҳо қурутоб  на танҳо хӯроки  писандидаи тоҷикон, балки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Қурутро бештар кӯдакон дӯст медоранд.

Қурутоб дар Амрико

 21 июни соли 2018  яке аз рӯзномаҳои маъруфи  ҷаҳон  «The New York Times», ки ҳар рӯз бо теъдоди беш аз 1 миллион адад чоп ва дар саросари олам паҳн карда мешавад, бо нашри 8 акс аз қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей, воқеъ  дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк тарзи тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла қурутобро шарҳ дод. Дар ин матлаб омадааст, ки  ошпазҳои ин қаҳвахона ба решаҳои миллии худ содиқ мондаанд.

Муаллиф нигоштааст, ки бештари  ғизоҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанданд, вале қурутоби аслӣ ва хушмаззаро танҳо тоҷикон метавонанд таҳия кунанд.

Дар матлаби мазкур  таҳти унвони «Сарошпази қаҳвахонаи «Душанбе» ба решаҳои тоҷикиаш содиқ мондааст»  дарҷ гардидааст, ки: «Халқҳои Осиёи Марказӣ ғизоҳои муштараки зиёд доранд, вале якеаш хоси фақат ва фақат  Тоҷикистон аст. Ва қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк (Sheepshead Bay, Brooklyn) танҳо маконест дар Ню-Йорк, ки ин ғизоро ба муштариён пешниҳод мекунад».

Албатта,  муаллифи мақола  қурутобро дар назар дорад, ки дӯстдоронаш дар Амрико торафт бештар мешаванд.

Ӯ дар идома тарзи таҳияи қурутоби тоҷикиро шарҳ дода менависад, ки он аз фатиру қурут ва зирбаки пиёз омода карда шуда, сабзавоти тару тоза, бахусус помидору бодиринг ин таомро  боз ҳам хушхӯртар мекунанд.

«The New York Times» меафзояд, ки дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон аксаран қурутобро дар рӯи кӯрпача нишаста, бо даст мехӯранд.

Дар қаҳвахонаи «Душанбе» дар  Бруклин низ чунин мекунанд,  вале барои тановули қурутоб ва ғизоҳои дигар мизу курсӣ ва корду чангаку қошуқ низ гузоштаанд.

АКС аз манбаҳои боз

Декабрь 29, 2024 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон