Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, ташаккул ва рушди маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ баррасӣ гардиданд.
Роҳбарияти Агентии содирот доир ба муҳтавои сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, чораҳои амалинамудаи Агентии содирот дар ин самт ва нақшаҳои минбаъда андешаронӣ намуданд. Иброз гардид, ки дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо қабулу тасдиқи қонуну стратегия ва барномаю нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ барои муқовимат намудан бо ин зуҳуроти номатлуб фароҳам оварда шудааст.
Дар робита ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда бо фармоишҳои дахлдори Агентии содирот «Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
Ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ба таври васеъ тавзеҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки зарур аст дар ҳамбастагӣ барои амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат тавассути қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, тадбирҳои зарурию иловагӣ андешем.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба қабул ва амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин доир ба муҳимияти муқовимати дастҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб, амалисозии чорабиниҳои мушаххас барои пешгирии коррупсия ибрози андеша намуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид






