Дар Донишгоҳи Акита лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик муаррифӣ гардид

Декабрь 5, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS, ки аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони тоҷик пешниҳод гардидааст, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, ба таъсису ҷиҳозонидани озмоишгоҳ ва сохтмони ду истгоҳи    гармидиҳӣ-сардкунии бино равона гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунӣ барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, рӯзҳои наздик бо насби таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода мешавад. Истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунии дуюм дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди пурра омӯхтани кори ин истгоҳҳо дар шароити Тоҷикистон тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад.

Лоиҳаи iTAG-SATREPS аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ мешавад.

Тибқи қарордоди тарафайн, ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани машғулияти такмили ихтисос фиристода шудаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Декабрь 5, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид