Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи CirculEс – «Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисоди даврӣ ва рушди устувор» дар мавзуи «Нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини истифоди самараноки захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Иқтисоди даврӣ дар шароити амалисозии консепсияи рушди устувор», «Истифодаи самараноки технологияи муосир дар раванди фаъолияти соҳибкории экологӣ ва нақши он дар ташаккули иқтисоди «сабз»», «Нақши рақамикунонии иқтисодиёт дар татбиқи модели иқтисоди даврӣ» ва «Нақши истеъмолкунандагон дар татбиқи иқтисоди даврӣ» аз ҷониби устодони донишгоҳ ва меҳмонон маърузаҳо пешниҳод ва паҳлуҳои гуногуни иқтисодиёти даврӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон самти муҳими сиёсати иқтисодӣ ва муҳити зист мебошад. Истифодаи самаранок ва мақсадноки захираҳои табиӣ метавонад мамлакатро на танҳо аз таҳдидҳои экологӣ ва иқтисодӣ ҳифз, балки рушди устувори онро низ таъмин намуда, ба ҳалли масоили глобалӣ, ба монанди тағйироти иқлим ва кам кардани партовҳо мусоидат намояд.
Иқтисоди даврӣ модели рушди иқтисодӣ аст, ки ҳадафи он таъмин намудани истифодаи самараноки захираҳо, ба роҳ мондани истифодаи такрории онҳо, коркарди дубораи партовҳо, инчунин дар ин асос дароз кардани муҳлати хизмати мавод мебошад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






