ДАР ДУШАНБЕ БАРФИ АВВАЛ МЕБОРАД. Пойтахт бо қабои сафед боз ҳам дилработар мегардад

Декабрь 8, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ва барф меборад. Барфи аввал дар шаҳри Душанбе ба рӯзи истироҳат рост меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе соли 2017 — 2 декабр, соли 2018 – 29 январ, соли 2019- 22 ноябр, соли 2020- 14 январ, соли 2021 -17 ноябр, соли 2022 -5 декабр ва соли 2023 -16 декабр барфи аввал борид. Дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон асосан боридани барф аз нимаи моҳи октябр шуруъ мегардад.

Барфи аввал ҳамеша хушҳолкунандаву хотирмон аст. Новобаста ба синну сол ҳар кадоми мо аз ин муъҷизаи табиат шодӣ мекунем. Зеро вақте ба заррачаҳои зебо ва пурҷилои барф менигарӣ, туро ҳамеша як эҳсоси умед ба рӯзи нек фаро мегирад. Барфи аввал – рамзи накуиву равшанист. Равшанӣ бошад ба кас неру мебахшад.

Ба гуфтаи коршиносон, бориши барфи аввал — ин нишонаи сард шудани Замин ва атмосфераи назди Замин мебошад. Барфи аввал асосан аз қабати дуюми абрҳо, яъне абрҳои қабати миёна меборад. Ин абрҳо дар баландиҳои аз 2 то 6 километр ҷойгиранд.

Барфи аввал аз барфҳое, ки давоми сол меборанд, фарқияти ҷиддӣ надорад. Танҳо ҳамин аст, ки мо аз гармиҳо ба фасли сармо меравем ва хунукиро якбора эҳсос мекунем, аз ин рӯ дар назари мо рӯзи бориши барфи аввал хунуктар метобад. Ин танҳо рӯ ба рӯ гардидан бо барфи аввал аст, сардиҳо асосан моҳи январ ба амал меоянд.


Боридани барфи зиёд сабаби захираи об дар кӯҳҳо гардида, тобистон дар натиҷаи об шудан дарёҳоро пуроб ва мардуму заминҳои киштро бо об таъмин менамояд. Хусусан захираи зиёди барф дар қаторкӯҳи Помир ба мамлакати мо зебоии дигар зам менамояд.

Вақте ки барф ба замин меафтад, он ҷамъ мешавад. То он даме ки ҳарорати муҳит зери сифр мешавад, барф боқӣ мемонад. Агар ҳарорат баланд шавад, барфҳо ба обшавӣ оғоз мекунанд. Ҳавое, ки дар он барфпӯшҳо ба вуҷуд меоянд, одатан — 5 дараҷа хунук мебошад.

Маълумоти аҷоиб оид ба барф

Қариб нисфи аҳолии рӯи Замин барфи ҳақиқиро надидаанд.

Дар забони эскимосҳо барои ифодаи барф қариб 20 калима мавҷуд аст.

Дар сайёраи Миррих ҳам барф меборад. Аҷоибаш он аст, ки дар он ҷо ба ғайр аз барфи одӣ боз барфи аз гази карбонат ҳосилшуда низ меборад, ки одатан онро дар забони илм «яхи хушк» меноманд.

Заррачаи барф асосан 95% аз ҳаво таркиб ёфтаанд, ки суръати афтишашро кам менамояд (0,9 км/с).

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ҷашни Сада конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид
Дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат муҳлат додааст
Ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти боркортаъминшавӣ» доир гардид
Дар доираи «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» соҳаи тандурустии Тоҷикистон пурра рақамӣ мегардад
ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Чӣ гуна ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва оё касбашон бозоргир аст?
ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?
САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид