Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид. Зимни он барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ 60 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва 16 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Сатҳи сифатан нави олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои бесобиқаи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сабаб гардид, ки соли 2024 дар таърихи соҳаи маориф ва илм ҳамчун «соли ҳаракати олимпӣ» сабт гардад.
Зимни ҳамоиш се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидайни онҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон ғолибон дар номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ шумораи бештари ҷойҳоро ба даст овардаанд, бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






