Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Чжоу ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои мо дар сатҳи баланд қарор дошта, ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро фарохтар месозад.
Иброз гардид, ки «мо аз раванди мусбати ҳамкории байнипарлумонӣ ва густариши робитаҳо байни мақомоти қонунгузори ду давлат изҳори қаноатмандӣ мекунем. Дар заминаи таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байи ду парлумон умедворем, ки ин гурӯҳ дар ин самт нақши муҳим мебозад».
Дар ҷараёни мулоқот густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилоти бонуфуз, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






