Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
ДУШАНБЕ,12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Бохтар бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварат баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки заминро дар вилояти Хатлон таҳлилу баррасӣ намуд. Масъулини соҳаҳои дахлдор барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор шуданд.
Махсус таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот анҷом дода, дар баробари дигар масъалаҳо ба таъмин намудани дурнамои кишти зироат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Қабл аз ин, Президенти мамлакат 9 ноябри соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуда, вобаста ба ҳалли ин масъала масъулинро вазифадор намуданд.
Ҳадафи баргузории машварат аз амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ва татбиқи нақшаи кишти зироати кишоварзӣ дар соли 2025 иборат буд.
Ориф Хоҷазода таъкид намуд, ки масъулин бояд корҳоро пеш баранд ва ба иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 мусоидат намоянд.
Дар ин раванд тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳим арзёбӣ гардид. Масъулин вазифадор шуданд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимондаю партов дар якҷоягӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






