Дар Ҳисор ба ифтихори 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

Декабрь 10, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Тоҷикистон, Пешво, Ҳизб» ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар ҳамоиш оид ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд гардидани обрӯю нуфузи ҳизб, марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти ин ниҳоди фаъоли сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, иштироки фаъолонаи аъзою ҷонибдорони ҳизб дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавон, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замони ниҳоят душворе ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки ба ояндаи дурахшони Ватан умеду боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии Сарвари оқилу хирадмандаш ва бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгону ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагон барои бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани муноқишаю нофаҳмиҳо тавонист, ки ба ҷумҳурӣ сулҳу субот ва ваҳдат орад.

Дар ҳамоиш ба як зумра аъзои фаъоли ҳизб, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳм гузоштаанд, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.

Дар ҳамоиш инчунин маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр» таҳти унвони «Якдил шавему мулк обод кунем», ки дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» эълон гардида буд, баргузор шуд. Дар асоси хулосаи комиссияи босалоҳият аз 15 ҳазор номзади пешниҳодгардида барои иштирок дар озмун 32 нафар сазовори медал, ҷоиза ва Диплом гардид.

Инчунин бо қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фестивал – озмуни «Ташкилоти беҳтарини ҳизбии сол» таҳти унвони «30 қадами созанда дар амри ватансозӣ» эълон гардид.

Давоми сол кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба фестивал – озмун омодагӣ дида, тибқи Низомномаи фестивал фаъолият намуданд. Дар фестивал 149 ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор иштирок намуда, 3 кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва 31 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  «Ташкилоти беҳтарини ҳизбии сол» эълон гардида, бо ҷоиза ва Дипломи дараҷаи як сарфароз гардонида шуданд.

Дар номинатсияи «Фаъолтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор», «Таблиғотчии беҳтарини ҳизбӣ аз ҳисоби собиқадорон», «Таблиғотчии беҳтарин аз ҳисоби бонувон», «Таблиғотчии беҳтарин аз ҳисоби ҷавонон», «Беҳтарин ороишгари маводи таблиғотии ҳизбию давлатӣ», «Беҳтарин таблиғотчӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма» муайян шуда, бо ҷоиза ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Декабрь 10, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад