Дар Париж машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Париж даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни музокирот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштарак таъкид гардид.
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
Машваратҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва директори Департаменти Аврупои қитъавии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Брис Рокфей роҳбарӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






