Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд

Декабрь 22, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 22.12.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи энергетика — 22 декабр маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа оид ба дастовардҳои энергетикии мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал дода, нақши кормандони ин соҳаро муҳим арзёбӣ намуд.

Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок маҳсуб мешавад.

Таъкид шуд, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз кормандони соҳа тақозо мегардад, ки сидқан фаъолият намуда, бо кору пайкори худ боварӣ ва осудагии аҳолиро таъмин созанд, зеро заҳмати онҳо на танҳо барои рӯзгори имрӯза, балки барои насли оянда арзиши бузург дорад.

Дар идомаи ҷаласа дар фазои тантанавӣ ба 7 нафар медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика», ба 6 нафар унвони «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ичунин ба як зумра кормандони соҳа “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва “Ифтихорнома”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ