Дар Сеул имконияти сайёҳии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Сеул Рӯзи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея.
Дар чорабинии мазкур Намоиши аксҳои мавзеъҳои ба рӯйхати ЮНЕСКО дохилшудаи Тоҷикистон ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ рӯнамоӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Корея дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити мутақобилан судмандро тақвият мебахшанд.
30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе нишасти 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои мазкур иштирок намуданд.
Иловатан бар ин, дар асоси пешниҳоди ҷониби тоҷикистонӣ тавассути Шурои тиҷоратии Котиботи Форум, аввалин Бизнес-форуми тиҷоратии абзори 5+1 доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея










Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






