Дар Сеул имконияти сайёҳии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид

Декабрь 7, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Сеул Рӯзи дӯстии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея.

Дар чорабинии мазкур Намоиши аксҳои  мавзеъҳои ба рӯйхати ЮНЕСКО дохилшудаи Тоҷикистон ташкил гардида, имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ  рӯнамоӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Корея дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  равобити  мутақобилан судмандро тақвият мебахшанд.

30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе нишасти 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар он  вазирони корҳои хориҷии кишварҳои мазкур иштирок намуданд.

Иловатан бар ин, дар асоси пешниҳоди ҷониби тоҷикистонӣ тавассути Шурои тиҷоратии Котиботи Форум, аввалин Бизнес-форуми тиҷоратии абзори 5+1 доир гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Декабрь 7, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд