Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор аз 9949 гектар замини киштшаванда то имрӯз дар беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳр, дар майдони 3638 гектар кишти тирамоҳии зироат, аз ҷумла дар 3073 гектар гандум, дар 163 гектар ҷав ва дар 127 гектар кишти беда гузаронида шуд.
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 627 техника 515 адад дар ҳолати корӣ қарор дорад. Барои шудгор ва кишт 200 техника, аз ҷумла 40 трактори тасмачарх мавриди истифода қарор дорад.
Кишоварзони шаҳри Ҳисор барои босифат ва сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти тирамоҳӣ ва бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар саҳро ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки кишти тирамоҳӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






