Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд

Декабрь 10, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли 2024  аз тарафи мутахассисони Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, дар маҷмуъ 771 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 764 қонуншиканӣ ошкор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Ин санҷишҳо вобаста ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченак, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва қоидаҳои савдо гузаронида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандону мутахассисони Марказ, прокуратураи шаҳри Панҷакент, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, бозичаҳои бачагонаи муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба саломатӣ хатарнок мутобиқи қоидаю санадҳои муқарраршуда нобуд карда шуд.

Нисбат ба соҳибкорону фурӯшандаҳо барои риоя накардани қонунҳои амалкунанда парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 183 ҳазору 672 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Илова бар ин молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарноки аз фурӯш боздошташуда ба миқдори 605,3 кг маҳсулоти хӯрокворӣ, 840 дона қандакҳои истеҳсоли Чин, 1271 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 2988 дона бозичаҳои кӯдакона, ки дар маҷмуъ маблағи 36 465,9 сомониро ташкил дод, бо тартиби муқарраршуда дар ҳузури комиссияи босалоҳият нобуд карда шуд.

Тавре дар Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ва фурӯшандагони бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат  барои риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдо,  хизматрасонӣ ва  назорати нархи маҳсулот пайваста корҳои назоративу машваратӣ гузаронида мешаванд.

Агентии «Тоҷикстандарт» ба истеъмолкунандагон тавсия медиҳад, ки дар вақти харидани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд.

Инчунин бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо Агентии «Тоҷикстандарт» таҷрибаи пешбурди назорати ҷамъиятиро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат муваффақона давом медиҳад. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва рақами Viber-и мақомот (988-50-22-22), инчунин телефони боварии 2 33 68 69 фаъол мебошад, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта метавонанд ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Декабрь 10, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд