Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли 2024 аз тарафи мутахассисони Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, дар маҷмуъ 771 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 764 қонуншиканӣ ошкор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Ин санҷишҳо вобаста ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченак, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва қоидаҳои савдо гузаронида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандону мутахассисони Марказ, прокуратураи шаҳри Панҷакент, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, бозичаҳои бачагонаи муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба саломатӣ хатарнок мутобиқи қоидаю санадҳои муқарраршуда нобуд карда шуд.
Нисбат ба соҳибкорону фурӯшандаҳо барои риоя накардани қонунҳои амалкунанда парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 183 ҳазору 672 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Илова бар ин молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарноки аз фурӯш боздошташуда ба миқдори 605,3 кг маҳсулоти хӯрокворӣ, 840 дона қандакҳои истеҳсоли Чин, 1271 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 2988 дона бозичаҳои кӯдакона, ки дар маҷмуъ маблағи 36 465,9 сомониро ташкил дод, бо тартиби муқарраршуда дар ҳузури комиссияи босалоҳият нобуд карда шуд.
Тавре дар Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ва фурӯшандагони бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва назорати нархи маҳсулот пайваста корҳои назоративу машваратӣ гузаронида мешаванд.
Агентии «Тоҷикстандарт» ба истеъмолкунандагон тавсия медиҳад, ки дар вақти харидани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулот талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд.
Инчунин бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо Агентии «Тоҷикстандарт» таҷрибаи пешбурди назорати ҷамъиятиро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат муваффақона давом медиҳад. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва рақами Viber-и мақомот (988-50-22-22), инчунин телефони боварии 2 33 68 69 фаъол мебошад, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта метавонанд ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ ташкил намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






