Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд

Декабрь 12, 2024 15:01

ВАҲДАТ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат дар 11 моҳи соли 2024 1870 номгӯй маҳсулоти хӯроквориро аз ташхис гузарониданд, ки дар натиҷа 93 номгӯй маҳсулоти хӯрокворӣ бо ҳаҷми 1204 кг ғайристандартӣ дониста шуда, аз бозори истеъмолӣ мусодира гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода иттилоъ дод.

Соли равон дар натиҷаи санҷишҳои мутахассисони марказ маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ошкор гардид. Дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 209 ҳолат парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шуда, ба маблағи 88 ҳазору 704 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Дар натиҷа 5390 кг маҳсулоти пастсифат, ғайристандартии муҳлати истеъмолашон гузашта ва хатарнок, аз қабили маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, машруботи спиртӣ, молҳои атриёт, бозичаҳои кӯдакона ва дигар намуд мусодира ва бо иштироки ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд карда шуданд.

Дар 11 моҳи соли 2024 мутахассисони бахши санҷиш ва назорати давлатии воситаҳои ченаки Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат 7895 воситаи ченакро аз назорати давлатӣ гузаронида, бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин намуданд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 12, 2024 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд