Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни нишаст Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҳолати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ бобати мубориза бо хатарҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






