ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе лоиҳаи бунёди боз 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Дар муддати 7 соли охир дар пойтахт сохтмон ва барқарор намудани 6 пул, 2 эстакадаи се сатҳа ба анҷом расида, ба масофаи зиёда аз 160 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ шудааст. Пас аз сохта ба истифода додани роҳҳои дусатҳа на танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт муътадил гардида, сарборӣ кам мешавад, балки онҳо ба пойтахт ҳусни дигар зам мекунанд.
Воқеан ҳам дар чанд соли охир пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд ёфта, симои он ба таври шинохтанашаванда дигаргун мешавад.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар мақолааш, ки таҳти сарлавҳаи «Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванд» дар китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» (Душанбе, ЭР-граф, 2019) ба чоп расидааст, гуфтааст: «Касе, ки як бор Душанберо дид, умрбод ошиқаш мешавад. Симои ин шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди мо, ба хусус дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ба тамом тағйир ёфт ва имрўзҳо ҳар рўзу соат зеботару дилработар мешавад».
Имрӯзҳо пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтааст. Намояндагони кишварҳои ҷаҳон ба Душанбе омада, аз тамошои ин шаҳри ҷавон, ҳамешасабзу гулпӯш хушҳол гашта, муштоқу дилбастаи ҳавои фораму табиати нотакрор ва сокинони меҳмоннавозаш мешаванд. Айни замон масъулин корҳои ободонию созандагиро бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки моҳи майи соли 2025 дар пойтахт баргузор мегардад, тақвият бахшидаанд.
Валентина Матвиенко аз пешрафти босуръати Душанбе гуфт
Моҳи октябри соли равон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар оғози мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки: «аз дидани гулҳои шукуфони рангоранг, буттаю дарахтони ороишӣ ва сояафкани кӯчаю хиёбонҳои сарсабзу хуррами Душанбе, ки аз тамошои он табъи кас болида мегардад, хеле хушҳол шудам».
«Ман соли 2022 ба шаҳри Душанбе омада будам. Имрӯз дубора ба пойтахти тоҷикон омада, шоҳиди он гардидам, ки Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Биноҳои зебо бо тарҳи миллӣ қомат афрохта, онро зеботару дилработар гардонидааст. Имрӯз аз ин дигаргуниҳои пойтахти Тоҷикистон, хусусан меҳмоннавозии гарму самимии мардуми тоҷик хеле шод шудам»,-гуфт Валентина Матвиенко.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия изҳор дошт, ки дар муддати кӯтоҳ Душанбе симояшро куллан дигар кардаву бо суръат рушд намудааст, ки ифтихори халқи тоҷик мебошад.
Навсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ
Солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони роҳҳои дусатҳаи мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шудааст. Онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд. Инчунин дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии «Азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯпруки болои дарёи Душанбе» – кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад.
Дар оянда ба самти дарёи Душанбе навсозии хиёбони С. Шерозӣ (васеъкунии бистари роҳ, ивази рӯйпӯш, сохти новаҳо, хати сабзазор ва ғайра) бо дароз намудани гузаргоҳи зеризаминӣ ба назар гирифта шудааст. Барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон «Навсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ» низ ба кам шудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони С.Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайвастшаванда мусоидат менамояд.
Инчунин бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон навсозии пули роҳи оҳани болои роҳ, аз ҷумла баланду васеъ намудани фазои зери пул, сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ ва нақб дар мавзеи Майдони Ғалаба ба инобат гирифта шудааст. Барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд».
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кӯчаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км ва масоҳати умумии 733 ҳазору 22 метри мураббаъ дар назар аст.
Бояд гуфт, ки бунёди роҳҳои замонавӣ дар пешрафти шаҳрҳо саҳми назаррас дорад. Сохтмони ин шоҳроҳҳо симои пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо давоми чанд соли оянда ба куллӣ тағйир медиҳад.
Душанбе — ояндаи ҳушманд ва устувор
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2023 таҳия ва омодасозии Шарҳи ихтиëрии маҳаллии шаҳри Душанберо шуруъ намуд.
Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ равандест, ки мамлакат тавассути он вазъи рушди иқтисодию иҷтимоиро дар сатҳи шаҳр ва пешравиҳоро ҳамчун раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи глобалӣ барои давраи то соли 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамояд.
Ҳадафи Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ -ин баррасии самту имконияти рушди пойтахт дар раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор бо такя ба қарору технологияҳои ҳушманд мебошад.
Пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин шаҳрҳое аст, ки Шарҳи ихтиëрии маҳаллии худро оид ба дастовардҳои рушд ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод мекунад.
Дар таҳияи ин шарҳ шаҳри Душанбе пайравӣ ба таҷрибаи миллиро ҳамчун замина барои рушди ҳамкории бисёртарафа, таҳким бахшидани мавқеи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби шарикони наву сармоягузориҳо истифода мебарад.
Дар пойтахт 1 миллиону 241 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад
Давоми чанд соли охир афзоиши босуръати аҳолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар пойтахт 1 миллиону 241 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат менамоянд. Вобаста ба ин дар пойтахт барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Яке аз ин тадбирҳои муҳим тасдиқи Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе мебошад. Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз