ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ДИЛБАНДИ БА ҶОН ПАЙВАНДИ МО. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт манзур мегардад

Декабрь 6, 2024 14:47

ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд. Пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.

Дар рафти ороиши пули мошингузар, ки аз ду канори роҳ 6 қисмро ташкил медиҳад, бо истифода аз конструксияҳои оҳанӣ 15 нуқтаи идоракунӣ сохта шуда, ба дарозии 473 метр панҷараҳои оҳанини дорои тарҳу услуби муосир насб гардидааст. Баландии ороишоти конструксионӣ дар қисмҳои алоҳида аз 16 то 21 метрро ташкил медиҳад.

Аксбардори АМИТ «Ховар» аз навсозии пули мазкур суратгузориш омода намудааст,ки манзури хонандагони сомона мегардад.


Тоҳирҷони Саид (АКС),

АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид