Эмомалӣ Раҳмон: «Судяҳо бояд ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд»
ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ зарур донистанд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин андешидани тадбирҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, мақомоти судӣ вазифадор мебошанд, ки корҳои таъсирбахши пешгирикунандаро мунтазам амалӣ намуда, мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.
«Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти судӣ ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳо бояд ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва дар баробари донишу таҷриба, одобу ахлоқ ва масъулиятшиносии онҳо низ санҷида ва ба эътибор гирифта шавад»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.
Вобаста ба ин Роҳбари давлат зарур шумориданд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз даврҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






