Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 23-28 то 39-41 дараҷа хунук, рӯзона аз 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






