Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Декабрь 19, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1+1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона  5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2  дараҷа гарм  ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 19, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Шаҳринав дар 300 гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар Ҳисор як саги бесоҳиб ба 8 нафар осеб расонид, ки 5 нафари он кӯдакон мебошанд
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади пешгирии паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд
Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд
Дар шаҳри Турсунзода кишти чигит ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ вусъат меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад
Кишоварзони ноҳияи Фархор дар беш аз 9 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борон меборад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид