ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешниҳод намудани маълумот ба ҷомеа дар бораи комёбӣ ва дастовардҳои муваффақонаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими саъю кӯшишҳои давлатҳои дунё барои эҷоди шабакаи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоии баландсуръат соли 1996 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ эълон гардид.
Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, таваҷҷуҳи бештарро нисбат ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифат ба мусофирон тақозо менамояд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки дар фазои ҳавоии мамлакат таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ мебошад, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Дар айни замон дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ–«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтаанд.
Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии авиатсияи гражданӣ дар мамлакат таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ насб гардидаанд.
Яке аз онҳо низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати бинишро дар минтақаи фурудгоҳ тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд.
Фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тавассути ин таҷҳизот маълумоти дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамоянд.
Истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кори танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ баланд бардошта шавад.
Ҳамчунин таҷҳизоти замонавии метеорологӣ дар корхона ва филиалҳои он давра ба давра таҷдид гардида, сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ беҳтар гардидааст.
Бехатарӣ ҳангоми парвоз, пеш аз ҳама, ба мушоҳида ва пешгӯии дурусти шароити обу ҳаво, аз ҷумла ҳарорат, фишор, намӣ, шамол ва ҳолати мавҷуда дар фазо рабт дорад.
Ин маълумоти метеорологӣ барои сарнишинон ҳангоми парвозу фуруд муҳим буда, дар таъмини бехатарии парвозҳо нақши калидӣ дорад.
Имрӯз дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додани дониш ва малакаи кормандони ин ниҳод дар дохил ва хориҷи мамлакат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Густариш додани ҳамкорӣ дар ин самт бо дигар давлатҳо далели ин гуфтаҳо аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд. Далели ин имзои протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои афзоиш додани хастсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат мебошад.
Инчунин соли равон аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо Агентии авиатсияи граждании Маҷористон иқдом гирифта шуд, ки фарогири рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва васеъ намудани хатсайри парвозҳоро фаро мегирад.
Ҳамкории мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон бо мақомоти соҳавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо, зиёд намудани шумораи хатсайрҳо ва ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни давлатҳо низ густариш пайдо намудааст.
Дар ҳамин замина гуфтан ба маврид аст, ки хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе- Давҳа-Душанбе ташкил карда шуд ва аз 28 ноябри соли равон ҳафте як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин 30 августи соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар мувофиқа бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта ва соли 2014 ба истифода дода шуд. Ҳамчунин моҳи июни соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосири боркашонӣ ва 26 сентябри соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд. Ин ҳама бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди авиатсияи гражданӣ мебошад.
Инчунин 27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Он мутобиқ ба меъёру талаботи ИКАО сохта шудааст.
Дастгириҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди авиатсияи гражданӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, густариши соҳаи авиатсияи граждании мамлакат аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ гардидааст.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 4 фоиз зиёд гардидааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 30 миллиард сомониро ташкил додааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 4 ҳазор мерасад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид
«AI CONF». Дар доираи конфронси байналмилалӣ намоишгоҳи иноватсионӣ баргузор гардид
Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷаласа доир шуд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
Даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниҳои ин соҳаро фаро гирифт






