Ҳайати Тоҷикистон дар конгресси байналмилалӣ минералҳои фоиданоки мамлакатро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди минералҳои муҳим ва ҳаётан зарурӣ мебошад, ки дар марҳилаҳои гуногуни омӯзиш қарор доранд. Ин матлабро намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конгресси 4-ум ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ», ки 3-4 декабр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иброз дошт.
Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш беш аз 200 роҳбари корхонаҳои пешрафтаи саноати кӯҳии Узбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуд.
Конгресс барои муколама, табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муттаҳидсозии бозори саноати маъдани кӯҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ имконияти хуб фароҳам овард.
Зимни конгресс сардори шуъбаи геологияи саридора Мухтор Фозилзода дар мавзуи «Минералҳои муҳими Тоҷикистон» маъруза намуд.
Иброз шуд, ки бо сабаби афзоиши талаботи саноатӣ ба маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таҳқиқу омӯзиши маъданҳо ва истихроҷи саноатиро таҳия мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин конгрес ва намоишгоҳ аз Тоҷикистон роҳбарони корхонаҳои «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» ва «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» низ иштирок намуданд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






