Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ дар Токио иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ-2025 баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён иштирок намуд.
Дар кори форум намояндагони сохторҳои давлатии кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии рушд иштирок намуданд.
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён оид ба дастовардҳо ва ислоҳоти соҳа дар ҷумҳурӣ маъруза намуд.
Иброз гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, хароҷот барои ҳифзи солимии аҳолӣ сармоягузории рушди ҷумҳурӣ ҳисобида мешавад. Бо ин мақсад маблағгузории он ҳамасола зиёд мегардад.
Дар интиҳои форум байни иштирокчиён оид ба баррасии роҳҳои таҳкими низоми устувории тандурустӣ ва дастгирии ислоҳоти миллӣ дар соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкори судманд доир шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






