Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дорад

Декабрь 8, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дошта, ҳосили то он оғози фасли баҳор ҷамъоварӣ мегардад.

Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша дар нуҳ ҳазор гектар пиёз ва дар ҳашт ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ дар 23 гектар дар зери плёнка картошка кишт карда шудааст, ки ҳосили он то моҳи апрел ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин таҷриба соли дуюм аст, ки амалӣ мегардад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар кишти тирамоҳӣ ва аввали фасли зимистон замин бояд ба воситаи механизмҳо коркард карда шавад. Дар як гектар замин то 30-40 тонна поруи пӯсида ва 70 фоиз миқдори зарурии нуриҳои фосфорӣ    ва калийдорро андохтан зарур аст. Пас аз ин дар чуқурии 28-30 сентиметр шудгор гузаронида шуда, картошка ба воситаи механизмҳо шинонида мешавад. Болои қаторҳои картошкае, ки дар ин мавсим шинонида мешавад, бояд бо поруи пӯсида пӯшонида шавад.

Иқлими вилояти Хатлон барои кишту парвариши ин ду маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мутобиқ буда, ҳамасола кишоварзон ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳамзамон бозорҳои дохилию берун аз вилоятро бо маҳсулоти хушсифати пиёзу картошка таъмин менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид